- Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Ошкор гаштани қонунвайронкунии муҳити зист дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои оби Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, санаи 31.10.2019 ҳангоми гузаронидани санҷиши фаврӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ҳодисаи қонунвайронкуниро ошкор намуданд. Аз тарафи сокини ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Собиров Р., дар соҳили чапи дарёи Сир як мошини тамғаи «Портер» партовҳои сохтмонӣ ғайриқонунӣ ва дар ҷойи ғайрирасмӣ партофта шудааст, ки ин кирдор хавфи ифлос шудани манбаи оби дарёро ба вуҷуд меоварад.

Барои вайрон кардани талаботи қонунҳои амалкунандаи соҳаи ҳифзи муҳити зист нисбати номбурда бо моддаи 177 «Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» протокол тартиб дода шуда, барои андешидани чораҳои маъмурӣ аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корбарӣ карда шуда истодааст.

Иловаи шарҳ