- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Конфронс дар мавзӯи «Муҳофизати Бабри барфӣ тавассути самаранок идора намудани муҳити зист”

Рӯзҳои 29-31 октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Маркази миллии гуногунӣ ва бехатарии биологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Фонди Оғохон доир ба Муҳити атроф дар мавзӯи «Муҳофизати Бабри барфӣ тавассути самаранок идора кардани муҳити зист” бо иштироки 60 нафар намояндагони вазорати идораҳои дахлдор, ташкилотҳои байналмилалӣ ва намояндагони ҷамоатҳои маҳаллӣ конфронс доир гардид.

Дар конфронс зиёда аз 20 презентатсияву маърӯзаҳо доир ба ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои Бабри барфӣ, намудҳои шикории он, методу усулҳои мониторинг ва назорати экосистемаҳои он бо истифода аз технология ва таҷҳизотҳои замонавӣ, ҳолати ҷангалҳои баландкуҳ, чарогоҳҳо ва роҳҳои барқарор намудани онҳо, омӯзиши Бабри барфӣ ва қавигардонии иқтидори тарафҳои ҳавасманд ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зист ва истифодабарии устовори он шунида шуданд.

Дар Конфронс муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Зарина суханронӣ намуда, доир ба сиёсати экологии кишвар дар самти ҳифзу нигоҳдории гуногунии биологӣ ва муҳити зист, ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои муаззами  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори андеша намуд. Қайд гардид, ки доир ба ҳифзи экосистемаҳои Бабри барфӣ ва намудҳои шикории он протоколи махсуси ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, ки тибқи он вазорату идораҳои дахлдор вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати ташвиқу тарғиби намудҳои нодири  кишвар чораҳои заруриро андешанд.

Кормандони Маркази миллии гуногунӣ ва бехатарии биологӣ ва Лабораторияи имлӣ тадқиқотии ҳифзи табиат доир ба дастовардҳо дар самти ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои бабри барфӣ ва намудҳои шикории он, натиҷаҳо ва таҷрибаҳои байналмилалӣ, ки дар ҷаласаи чоруми Кумитаи Глобалии Ҳифзи Экосистемаҳои Бабри барфӣ дар шаҳри Делии Ҳиндустон доир гардид презентатсияҳо пешниҳод намуданд.

Рузи дуюми конфронс нақшаи миллии амал оид ба ҳифзи экосистемаҳои Бабри барфӣ баррасӣ гардида, иштирокчиёни конфронс дар гурӯҳҳои корӣ самтҳои афзалиятноки ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои Бабри барфӣ ва намудҳои шикории онро мавриди муҳокима қарор доданд ва як зумра пешниҳоду таклифҳо ба нақшаи миллӣ ворид намуданд.

Рӯзи сеюми конфронс бошад, иштирокчиён, бахшида ба ҷашни Рӯзи ҳифзи Бабри барфӣ доир ба ҳифзи экосистемаҳои барфӣ ва огоҳнамоии ҷомеаҳо бо презентатсияву маърӯзаҳо баромад намуданд ва баромадҳои беҳтарин бо туҳфаҳои арзандаву хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар хотимаи конфронс ҳуҷҷати хотимавӣ (резалютсия) қабул гардид, ки дар он афзалиятҳо ва фаъолиятҳои минбаъда ҷиҳати ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои Бабри барфӣ ва намудҳои шикории он ва Нақшаи амали миллӣ доир ба ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои Бабри барфӣ дар якҷоягӣ қабул гардид.

Иловаи шарҳ