- Хабарҳо

Санҷиши татбиқи Барномаи маърифати экологӣ дар ноҳияи Деваштич

Дар асоси нақшаи кории Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд барои нимсолаи дуюми соли 2019 ва Нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои моҳи октябри соли равон санаи 29.10.2019 санҷиши рафти иҷрои амри Раиси вилоят аз 14.12.2015, №228 «Дар бораи таъсис додани Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ», аз он ҷумла фаъолияти комиссияи маҳаллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ва ҳамзамон рафти иҷрои қарори Раиси вилоят аз 25.05.2015, №263 оид ба татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар сохторҳои ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо вобастагардида, гузаронида шуд.

Бояд қайд намуд, ки корбарӣ дар сохторҳои иҷрокунандагони нақшаи чорабиниҳои барнома, ҳамчунин фаъолияти комиссияи байниидоравии маҳаллӣ роҳандозӣ гардида бошад ҳам, аммо дар баъзе самтҳо, хусусан пешниҳоди маълумоти саривақтӣ дар корбарии сохторҳои алоҳида ва ҷамоати шаҳраку деҳот оид ба масъалаи мазкур камбудиҳо ҷой доранд.

Аз рафти гузаронидани санҷиш ба унвони муовини Раиси вилоят, раиси Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ гузориши муфассал омода ва пешниҳод карда хоҳад шуд.

Иловаи шарҳ