- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Дастур барои кишти гулҳо

Бо дастури мақомоти шаҳрдорӣ аз ҷониби олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур барои кишти гулҳо бо номи «Гулҳои мавсимӣ: технологияи кишт ва интихоби намудҳо» дастраси мутахассисон гардид.

Бояд зикр намуд, ки зарурияти дастраси мутахассисон гардидани дастур аз ҷониби Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе пешниҳод гардида, дар муддати кутоҳ онро олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва интишор намуданд.

Бояд таъкид намуд, ки технологияи кишти гулҳои мавсимӣ дар шароити гармхона, гулгашт ба мушоҳида ва делелҳои илмӣ овардашуда, ҳамчунон талаботи гул ба рӯшноӣ ва гармӣ, ҳаво, об, хок ва чораҳои зарурӣ ба муқобили касалиҳо ва роҳҳои мубориза бар зидди зараррасонҳо зикр гаштааст.

Шинонидани гулҳои мавсимӣ (баҳору тирамоҳӣ) бо нишондоди оила, номи гул бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва давраи шинонидани гулҳо дар шароити гармхона, гулгашту хиёбон ва боғҳо бо фарогири далелҳои илмӣ саҳеҳ нишон дода шудааст.

Далелҳо шаҳодати он ҳастанд, ки дар мавсими кабудизоркунии 4-5 соли охир агар дар ҳудуди шаҳри Душанбе 1-1,5 млн дона гул шинонида мешуд, пас ин нишондиҳанда дар мавсими имсолаи кабудизоркунии тирамоҳи соли 2018 ва баҳори соли 2019 ба беш аз  11 миллион дона гул расонида шуд.

Бо мақсади нигоҳ доштан сарсабзии муҳити зист, хосса гулгашту хиёбонҳо ва боғҳои фарҳангу фароғатии пойтахт то ҳанӯз шинонидани гулҳои мавсимӣ идома дошта, дар моҳи октябр дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ ба миқдори 117280 дона гул шинонида шуд. Ин далели он аст, ки мақомоти шаҳрдорӣ ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба шаҳри гулҳо табдил додани Душанбешаҳр ҷидду ҷаҳд намуда истодаанд.

Иловаи шарҳ