- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Баргузории аксияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Пиряхҳои худро ҳифз намоем»

Рӯзҳои 25-26 октябри соли 2019 ҷиҳати беҳдошти ҳолати экологии муҳити зист,  паст намудани таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо ва татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар қаламрави кишвар дар мавзӯи «Пиряхҳои худро ҳифз намоем» аксияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегарданд. Аксияи мазкур дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Академияи илмҳои ҷумҳурӣ рӯи даст гирифта шуд.

Бо ин мақсад 25 октябр дар мавзеи Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе оғози расмии чорабинии мазкур дар ҳамоҳангӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар сатҳи баланди таблиғотию фаҳмондадиҳӣ доир гардид. Дар баргузории аксия намояндагон аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ,  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои  таҳсилоти тамоктабӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ  бо шиору овезаҳои   намоишӣ иштироки  фаъол намуданд.

Пас аз тамошои намоишгоҳи аксу мусаввараҳо дар бораи обу пиряхҳои Тоҷикистон ҳайти роҳбарони вазорату идораҳо ва муассисаҳои илмӣ дар мавзӯъҳои вобаста ба ҳифзи пиряхҳо аз таъсири тағирёбии иқлим суханрониҳо сурат гирифт.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ оид ба мавзӯи «Пиряхҳо -манбаи асосии оби кишвар ва Осиёи Марказӣ», Президенти Аккадемияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Вазъи  кунунии пиряхҳо бо назардошти тағйирёбии иқлим» ва ҷавонони фаъол баромад намуданд.

Дар суханрониҳо қайд карда шуд, ки аҳамияти пиряхҳо барои табиат ва  ҳаёту фаъолияти одамон ниҳоят муҳим аст. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи асосии захираҳои обии ҷумҳуримон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд. Кишвари мо хостори он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои мутобиқшавӣ ва паст  намудани таъсири тағйирёбии иқлим ба пиряхҳо таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намояд.

Рафти баргузории аксияи мазкурро шабакаҳои телевизионию радио ва матбуотии дохилу хориҷӣ инъикос намуданд.

Дар охир иштирокдорони фаъоли чорабинӣ аз донишгоҳу донишкадаҳо, дигар филиалҳои донигоҳҳои хориҷӣ дар ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо Сипосномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Иловаи шарҳ