- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Ҷаласаи чоруми Кумитаи ҳамоҳангсозии Барномаи Глобалии Ҳифзи Экосистемаҳои Бабри барфӣ

Рӯзҳои 23-24 октябри соли 2019 дар шаҳри Нюдели Ҳиндустон ҷаласаи 4-уми Кумитаи ҳамоҳангсозии Барномаи глобалии ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ (GSLEP) доир гардид. Дар ҷаласаи мазкур зиёда аз 300 нафар иштирокчиён, аз ҷумла меҳмонони олимақом, вазирони ҳифзи муҳити зисти як қатор кишварҳои дорои Бабри барфӣ аз мамлакатҳои Ҳиндустон, Қирғизистон, Муғулистон, Бутан ва Непал, намояндагони мақомотҳои ҳифзи муҳити зист, ташкилотҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои маблағгузор ширкат намуданд. Дар ҷаласа зиёда аз 50 баромаду рӯйнамоҳо (презентатисяҳо) доир ба ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои бабри барфӣ ва намудҳои шикории он, хавфу хатарҳои мавҷуда дар экосистемаҳои бабри барфӣ ва чораҳои зарурӣ барои ҳифзи ин намуди нодир пешниҳод гардиданд.

Кормандони Маркази миллии гуногунӣ ва бехатарии биологӣ ва Маркази миллии амалигардонии фаъолиятҳо доир ба ҳифзи муҳити зисти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сесияҳои пленарӣ бо рӯйнамову (презентатсияву) маърӯзаҳо доир ба иҷрои Барномаи глобалии ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ ва ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои бабри барфӣ ва намудҳои шикории он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  баромаду муҳокимарониҳо намуданд.

Иловаи шарҳ