- Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Баргузории аксияи навбатии «Тозагии соҳил-2019” дар ноҳияи Данғара

Бинобар иттилои шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон санаи  18 октябри соли 2019 дар Ҷамоати деҳоти Корез, дар соҳилҳои канали селпартои деҳаи ­Ғарғараи ноҳия аксияи «Тозагии соҳил-2019” гузаронида шуд. Дар аксияи мазкур хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 ва аҳолии деҳаи Ғарғара, инчунин масъулини Ҷамоати деҳоти Корез иштирок намуда, дар натиҷа 1 партовгоҳи ғайрирасмӣ ба пуррагӣ тоза  шуд ва 12 метри кубӣ партовҳо ба партовгоҳи ноҳияви бурда ҷойгиронда шуд. Ҳамзамон, дар аксияи мазкур ду тарафи канали паспартови деҳаи зикргашта аз алафҳои бегона тоза карда шуд.

Иштирокдорони аксияи мазкур 270 нафаро ташкил дод. Ҳамзамон мутахассисони шуъба оид ба моҳияти аксияи «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» ҷиҳати тозаву озода нигоҳ  доштани муҳити зист ва ҳифзу нигоҳубини навниҳолҳо бо аҳоли суҳбату вохуриҳо гузарониданд.

Иловаи шарҳ