- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Ҳашари умумишаҳрӣ дар Истаравшани вилояти Суғд

Ба иттилои Бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Истаравшан баҳри иҷрои қарори раиси вилояти Суғд «Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» санаи 19  октябри соли 2019 дар тамоми қаламрави шаҳри Истаравшан шанбегии умумишаҳрӣ баргузор гардид.

Дар шанбегии мазкур ҷомеаи меҳнатии ташкилоту муассисаҳо,  корхонаву идораҳо,  муассисаҳои таълимию коллеҷҳои тиббию ҳунарҳои мардумӣ, беморхонаи марказӣ, беморхонаҳои хусусӣ, кумитаи маҳаллаҳо ва соҳибкорон фаъолона иштирок намуданд.   Дар натиҷа ду канори ҷӯйбори обгузари дохили шаҳр ба масоҳати 6 км ва кӯчаҳои протоколии ҳудуди биноҳои маъмурии назди ташкилоту муассисаҳо аз партовҳо ва алафҳои бегона тоза ва дар маҷмӯъ 7 тонна партовҳо тариқи техникаҳои боркашону борбардор ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуд.

Иловаи шарҳ