- Хабарҳо

Татбиқи Барномаи давлатӣ оид ба маърифати экологӣ дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ

Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ишкошими ВМКБ оид ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳои марбутаи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» корҳои муайянро иҷро намуд. Тавре масъулони бахш иттилоъ доданд, баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ  байни табақаҳои гуногуни аҳолӣ мунтазам суҳбату вохӯриҳоро доир менамоянд.

Ба иттилои манбаъ аз тарафи шуъбаи маориф дар асоси Барномаи таълимии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар синфи 9-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо миқдори 34 соат  фанни экология таълим дода мешавад, ки ин имкон медиҳад хонандагон савияи дониши экологии худро баланд бардошта, равандҳои муосири илми мазкурро азбар намоянд. 

Хонандагони ноҳия дар чорабиниҳои гуногуни экологӣ, аз қабили «Тозагии соҳил», «Тозагии маҳал» ва рӯзҳои экологӣ фаъолона иштирок менамоянд, ки ин тамоюл ҷиҳатҳои назариявию амалии  онҳоро баробар ташаккул медиҳад.

Иловаи шарҳ