- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Дар маҷлиси навбатии ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита

21 октябр маҷлиси навбатии ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита баргузор гардид. Аз рӯи масъалаи рӯзномаи маҷлис оид ба фаъолияти сохторҳои Кумита ва зерсоторҳои он дар ҳафтаи сипаригардида сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумита Ҷӯраев А. ҳисобот дод. Зимни таҳлили ҳисобот қайд гардид, ки дар баробари корҳои анҷомдодаи ҳафтаи ҳисоботӣ дар самтҳои назоратӣ ва фаъолияти дигари маъмурӣ камбудиҳо низ ба назар мерасад. Он сохторҳое, ки дар самтҳои нобурда камбудиҳо доранд, ба таври мушаххас таҳлил ва номбар карда шуд.

Доир ба масъалаи мазкури рӯзномаи маҷис Раииси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуда, ба масъулини иштироккунанда ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳояшон тибқи тартиби муқарраргардида дастуру супоришҳои мушаххас дод, ки он дар протоколи навбатӣ дарҷ гардида, барои чораҷӯӣ ба масъулони иҷро фиристода мешавад.

Иловаи шарҳ