- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Барномаи давлатӣ –дар амал

Бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020»,  ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015, №178 тасдиқ гардидааст, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 54-и ноҳияи Синои ш. Душанбе вохӯрии кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳр бо кормандони маорифу талабагони шаҳр доир гардид.

Кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе вобаста ба амалишавии Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии шаҳри Душанбе дар сохторҳои Сарраёсати маорифи пойтахт, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ суханронӣ  намуда, зикр карданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифат ва тарбияи экологии наврасону ҷавонон Раёсат дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе 16 семинару викторинаҳоро доир намудааст. Гузашта аз ин, бо мақсади ҷалби хонандагон ба масъалаҳои экологӣ 5 озмун роҳандозӣ гашт, ки дар он хонандагони муасисаҳои таълимӣ фаъолона ширкат варзида, соҳиби мақомҳои сазовор гардидаанд.

Мавриди зикр аст, ки хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 54-и ба номи Лоиқ Шералӣ   пайваста дар озмуну аксияҳои экологӣ фаъол буда, бо роҳбаладии муаллимон аз партовҳои пластикӣ намудҳои гуногуни асбобҳо омода намуда, дар намоишгоҳи Рўзи байналмилалии муҳити зист манзур гардониданд.

Бо дастури кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар ҳудуди муассиса ҳашар баргузор гашта, хонандагон гирду атрофи мактабро аз партовҳои сахти маишӣ тоза намуданд.

Чунин вохӯриҳо дар дигар муассисаҳои таълимӣ низ баргузор мегардад.

Иловаи шарҳ