- Хабарҳо, Ҳавои атмосферӣ

Ҳифзи ҳаво дар ноҳияи Мастчоҳ

Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мастчоҳ барои баррасии муроҷиати сокинони маҳаллаи Азизободи ноҳияи Мастчоҳ, ки бинобар шикояти онҳо нақлиётҳои боркашони заводи ҶДММ «Ясин МС-Суғд»-и Хитоӣ ҳангоми кашонидани маъдан аз кон бо суръат  гузашта, атрофро бо чанги хок ифлос менамоянд, якҷоя бо шуъбаи назоратии таҳлилии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд корбарӣ намуд.

Коргоҳи номбурда бо истеҳсоли семент машғул мебошад. Санаи 12 октябри соли 2019 аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист ифлосшавии ҳаво дар гирду атрофи роҳ чен карда шуд. Дар натиҷаи ташхис то 2 маротиба аз меъёр зиёдшавии ихроҷи гарду чанг ба қайд гирифта, санади дахлдор тартиб дода шуд.

Барои минбаъд нарасонидани зарар ба аҳолии маҳаллаи Азиззободи ноҳияи Мастчоҳ аз тарафи ҶДММ «Ясин МС-Суғд» роҳи нақлиётгард мумфарш карда мешавад. 

Иловаи шарҳ