- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Аксияи «Тозагии муҳити зист» дар шаҳри Хуҷанд

12 октябри соли 2019 тибқи Нақшаи чорабиниҳои  шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳр аксияи «Тозагии муҳити зист» гузаронида шуд. Дар ин аксия 200 нафар кормандони таваллудхонаи шаҳрӣ, 20 нафар мураббиёни кӯдакистони №27 ва 40 нафар табибони беморхонаи микроҷарроҳии чашм ҷалб гардида, дар ободу тоза намудани минтақаҳои ҳудуди муассисаҳои маъмурӣ  ва кӯчаҳои шаҳр саҳми худро гузоштанд.

Дар аксияи баргузоргардида 2 км селроҳа, 380 метр ҷӯйбор тоза гардида, 11,2 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳ бароварда шуд.  

Иловаи шарҳ