- Хабарҳо

Баргузории аксияи «Ҳифзи Замин аз пеститсидҳо» дар» ноҳияи Хуросон

Бо мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ҳамкорӣ бо Хазинаи Швейтсарӣ оид ба фаъолияти зидди минаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (FSD) корҳо дар самти  эмин нигоҳ доштани аҳолӣ аз заҳрхимикатҳо баҳри таъмини амнияти экологии аҳолӣ пурзӯр гардонида мешавад.

Вобаста ба Нақшаи чорабиниҳо дар ин самт   санаи 10 октябри соли 2019 ҷамоати деҳоти «Ҳилолӣ»-и ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон аксияи «Ҳифзи Замин аз пеститсидҳо» баргузор гардид.  Мақсад аз баргузории аксияи мазкур расонидани кумаки  башардустона ҷиҳати беҳсозии ҳолати экологии деҳаи Сомонӣ (Ойкамар) аз таъсири пеститсидҳо» мебошад.

Ёдовар мешавем, ки корҳои иҷрошаванда аз ҷониби намояндагии Хазинаи Швейтсарӣ оид ба фаъолияти зидди минаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (FSD) амалӣ гардида, корҳои ташхисиро бошад Ширкати ТАУ (TAUW) – Нидерландия бо маблағгузории намояндагии Хазинаи Швейтсарӣ оид ба фаъолияти зидди минаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (FSD) медиҳад.

Муҳлати амалишавии аксия моҳҳои  октябр –декабри соли 2019 ва январи соли 2020 дар назар дошта шудааст.

Дар расми кушодашавии аксия муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Зарина, Раиси ноҳияи Хуросон Сафарзода Раҳматулло Хайрулло, намояндагони Хазинаи Швейтсарӣ оид ба фаъолияти зидди минаҳо иштирок намуданд. 

Корҳои дар муддати 3 моҳ банақшагирифташуда  ин бо варақаҳои металин маҳкам намудани атрофи анбори нигоҳдории пеститсидҳои партовгоҳи заҳрхимикатҳои ноҳияи Вахш, кашонидани беш аз 200 тонна заҳрхимикатҳо ва ҷойгиронии онҳо барои нигоҳдории муваққатӣ дар партовгоҳи заҳрхимикатҳои мазкур, кашонидани бештар аз 200 тонна хоки тоза ва рӯйпӯш намудани ҷойҳое, ки заҳрхимикаташон тоза карда шудаанд.

Иловаи шарҳ