- Хабарҳо

Вохӯрӣ бо маорифчиёни шаҳри Исфара

Тибқи нақшаи пешбинигардида, бо мақсади амалӣ намудани бандҳои Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ дар толори филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара вохӯрии намояндаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо намояндагони соҳаи маориф, бахусус омӯзгорони фанни экология ва биологияи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр, инчунин донишҷӯёни Донишгоҳи мазкур баргузор гардид. Дар он намояндагони Раёсати маорифи шаҳр ва бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Исфара иштирок доштанд. Дар рафти вохӯрӣ ба иштирокчиён маълумот оид ба Барнома ва масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зист, амсоли ифлосшавии ҳавои атмосфера, мавқеи тарбия ва маърифати экологии аҳолии наврасону ҷавонон дода шуд.

Ҳамчунин, баҳри амалигардонии Нақшаи чорабиниҳои бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-2019-2021 дар бораи сайёҳон ва Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози карда карда шуд. Дар интиҳо ба китобхонаи Раёсати маорифи шаҳри шаҳри Исфара 2 ҷилд Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар маводҳои экологӣ тақдим гардид. Дар баробари ин, ба маорифчиёни шаҳр барои обунашавӣ ба нашрияҳои Кумита  рӯзномаи «Инсон ва табиат» ва маҷаллаи «Ҳифзи табиат» тавсия дода шуд. Боиси қайд аст, ки дар вохӯрӣ намояндагони рӯзномаи «Насими Исфара» ва «Телевизиони Исфара» иштирок карда, барои ба чоп расидани маводи иттилоотӣ ва пахши гузориш дар бораи вохӯрии мазкур корбарӣ менамоянд.

 

Иловаи шарҳ