- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

КИРМИНАИ ҚИРМИЗИИ ТАЛХАК

Porphyrophora sophorae

(Archangelskaja, 1935)

Қатори Баробарқанотҳо. Homoptera

Оилаи Кирминаҳои калонҷусса.

Margarodidae

 

Мақоми ҳифз

Намуд  зери  таҳдиди  маҳвшавӣ қарор дорад. EN.

Паҳншавӣ

Эндемики  Осиёи  Миёна  мебошад. Солҳои  30–юми  асри  гузашта дар  ҳудуди  Осиёи  Миёна  васеъ паҳн  гардида  буд.  Айни  замон дар  ҳудуди  Тоҷикистон  танҳо  дар баъзе ноҳияҳои водии дарёи Сир ва доманаи  қаторкӯҳи  Туркистон,  ки аз худ нагардидаанд, боқӣ мондааст. Шумораи ками он дар гирду атрофи Ҷилликӯл, поёноби дарёи Вахш ба қайд гирифта шудааст.

Муҳити сукунат

Дар  гилхоки  нарми  регдор,  баъзан дар  регхоки  гилдор  ва  шӯразамин ҳаёт  ба  cap  мебарад.  Дар  решаи растании  талхак  (Sophora)  ва ширинбия  (Glycyerrhiza)  зиндагӣ мекунад.

Саршумор

Дар ҳудуди Тоҷикистон хеле камёфт буда,  ҳамагӣ  се  маротиба  ба  қайд гирифта шудааст.

Хусусиятҳои биологӣ

Хусусиятҳои  биологии  ин  намуд пурра  таҳқиқ  нагардидааст. Кирминаи  қирмизии  талхак  аз кирминаҳои  дигар  калонтар  аст. Моҳи август кирминаҳои қирмизии нарина парвоз мекунанд ва модинаи онҳо аз систа мебароянд.

Омилҳои маҳдудкунанда

Босуръат аз худ гардидани заминҳои бекорхобида  ва  партов  боиси маҳдуд  гардидани  муҳити  сукунат ва шумораи ин намуд гардидааст.

Тадбирҳои ҳифз

Тадбири  асосии  муҳофизат  ва таҷдиди  кирминаҳои  қирмизии талхак нигоҳдории муҳити сукунати хоси  онҳост.  Хусусиятҳои  биологӣ ва  паҳншавии  кирминаи  қирмизии талхакро  бо  мақсади  дарёфти усулҳои  таҷдид  ва  истифодаи оқилонаи он барои эҳтиёҷи хоҷагии халқ таҳқиқ намудан зарур аст.

Иловаи шарҳ