- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

МӮЙИ ҶИН (СУНБУЛАК)

Asplenium pseudofontanum С. Koss.

Оилаи Aspleniaceae

 

Мақоми ҳифз

Намуде,  ки  дар  табиат  маҳв гардидааст. EW. Хоси Помиру Олой.

Аҳамият ва мақоми илмӣ

Ҳамчун  намуди  қадимӣ  ва  нодир аҳамияти калони илмӣ дорад.

Паҳншавӣ

Дар  миёнаоби  дарёи  Зарафшон  ва дар  дараи  Мадм  ба  қайд  гирифта шудааст.

Муҳити рушд

Дар  нишебиҳои  минтақаи ҷангалзори  гармсер,  дар  соярӯи шахҳо месабзад.

Намуди ҳамшабеҳ

Ба  намуди A.  fontanum  (L.)  Bernh., ки  дар  мамлакатҳои  соҳили  Баҳри Миёназамин  мерӯяд,  монандӣ дорад.

Шумора

Маълумоти  дақиқ  нест.  Намуди камёфт,  фақат  як  маротиба  охири асри  XIX  чинда  буданд,  дигар  ба ҳеҷ кас муяссар нашудааст, ки онро пайдо кунад.

Хусусиятҳои биоморфологӣ

Решапояаш  кӯтоҳ,  ғафс,  бо  қабати хокистарранги  сафедтоб  пӯшида шудааст.  Баргаш  сершумор,  тунук, сабзи  сафедтоб,  ду–се  маротиб паршакли  бурида,  дарозрӯяи нештаршакл  (дарозиаш  5–14 см,  бараш  6–25  мм).  Сорусҳояш байзавӣ,  баъзан  ба  ҳам  часпида. Болопӯши  сорусҳо  дарозрӯяи тухмшакл, сафед.

Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ

Маълумоти дақиқ нест.

Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ

Бо спора меафзояд. Маълумот нест.

Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ

Маълум нест.

Тадбирҳои ҳифз

Маълумоти  дақиқ  нест.  Ҳолати онро дар табиат ошкор сохтан лозим аст.  Агар  муҳити  зисти  он  маълум шавад,  ҳамчун  намуди  ягонаи қадимӣ  парваришгоҳи  наботот ташкил бояд кард.

 

Иловаи шарҳ