- Хабарҳо

Аксияи «Тозагии маҳал» дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи Носири Хусрав

Тибқи маълумоти бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон санаи 8 октябри соли 2019 дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳияи мазкур аксияи «Тозагии маҳал» гузаронида шуд.

Дар чорабинии гузаронидашуда 60 нафар сокинон аз ташкилоту муассисаҳои ноҳия иштирок намуда, миқдори  муайяни партовҳо ва алафҳои бегона аз дохилу атрофи  боғ тоза карда бароварда шуд.  

Чунин корҳои ободонӣ дар дигар мавзеъҳои ноҳия гузаронида шуда истодаанд.

Иловаи шарҳ