- Хабарҳо

Амалиёти фаврӣ дар ноҳияи Спитамен

Дар давоми соли равон ҳодисаҳои ғайриқонунӣ гирифтан ва кашонидани қуму шағал аз соҳили дарёҳо дар баъзе ноҳияҳои вилояти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба назар расид. Чунин  амали ғайриоқилона  канданиҳои фоиданоки  маъмули умум ба таназзулёбии муҳити табиӣ бурда мерасонад.

Аз тарафи нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар рӯзҳои истироҳат амалиётҳои фаврӣ баргузор мегардад. Чорабинии навбатӣ санаи 6 октябри соли 2019 дар ноҳияи Спитамен амалӣ гардид.  Кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Спитамен дар ноҳияи мазкур бо гузаронидани  амалиёти фаврӣ оид ба ғайриқонунӣ кашонидани канданиҳои фоиданоки маъмули умум машғул гардиданд. Дар рафти амалиёт дар ҷамоати деҳоти Тағояки ноҳияи мазкур  истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов Вайдуллоев Х. ҳангоми аз Сойи Оқсуи ноҳияи Спитамен бе иҷозати мақомоти дахлдор кашонидани қуми табиӣ боздошт гардид.  Дар натиҷа, тибқи моддаи 238 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати  номбурда протоколи маъмурӣ тартиб дода, барои андешидани чораҳои зарурӣ ба бахши ҳифзи муҳити зисти  ноҳияи Спитамен фиристода шуд.

Корҳои назорати давлатӣ дар ин самт дар шаҳру ноҳияҳои дигар вилояти Суғд пайваста гузаронида шуда истодааст.

Иловаи шарҳ