- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Назорати сайди саноатии моҳӣ дар вилояти Суғд

Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд сайди саноатии моҳиро аз тарафи хоҷагиҳои моҳидор ҶСК «Моҳипарвари Гулистон» ва ҶСК «Моҳии Тоҷик» зери назорати давлатӣ қарор дода, мунтазам аз тарафи нозирони шуъба амалиётҳои фаврӣ гузаронида мешавад. Ҳангоми баргузории амалиёти сайди моҳӣ дар ин ташкилот дар сурати ошкор шудани қонунвайронкунӣ чораҳои дахлдор андешида мешавад. Дар пайи чунин амалиёти навбатӣ санаи 5 ва 6 октябри соли ҷорӣ аз тарафи нозирони шуъбаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар ташкилотҳои мазкур 7 адад санади сайди саноатии моҳӣ ва 3 адад протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда,  тибқи талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ  дар ин самт андешида шуда истодаанд.

Иловаи шарҳ