- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Ошкор гардидани ҳолати қонунвайронкунии муҳити зист дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд

Нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ дар соҳили дарёи Сири минтақаи Палоси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳодисаи даравидани ғайриқонунии қамишро аз тарафи шаҳрвандон, сокинони ноҳияи Спитамен — Раҳимовҳо Зафар ва Зариф ошкор намуданд. Дар натиҷаи санҷиш нисбат ба номбурдагон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои баррасӣ ва чораҷӯӣ ба шуъбаи њифзи муњити зисти ноњияи Бобоҷон Ғафуров ирсол карда шуд.

Иловаи шарҳ