- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

КИРМИНАИ ҚИРМИЗИИ ХУШБӮЙ

Porphyrophora odorata

(Archangelskaja, 1935)

Қатори Баробарқанотҳо. Homoptera

Оилаи Кирминаҳои калонҷусса.

Margarodidae

 

Мақоми ҳифз

Намуде,  ки  дар  зери  таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.

Паҳншавӣ

Дар  ҳамаи  ноҳияҳои  кӯҳӣ  ва доманакӯҳии  Осиёи  Марказӣ вомехӯрад.  Дар  биёбон  ва нимбиёбони  Помир,  мамнуъгоҳи «Ромит» ба қайд гирифта шудааст.

Муҳити сукунат

Дар бехи гиёҳҳои мехак, магаскушак ва  бисёр  растаниҳои  дигар,  ки  дар нишебиҳои  регу  сангреза  ва  реги равондори  кӯҳ  месабзанд,  зиндагӣ мекунад.  Дар  решаи  растаниҳое,  ки дар  биёбонҳои  баландкӯҳи  Помир мерӯянд, сукунат мекунад.

Саршумор

Дар  ноҳияҳои  кӯҳсоре,  ки  аз  худ нашудаанд,  намуди  муқаррарист. Дар  мавзеъҳое,  ки  муттасил  чорво мечаронанд,  хеле  кам  вомехӯрад. Миқдори  он  дар  як  бех  гиёҳи магаскушаки  мамнуъгоҳи  «Ромит» ба 20–25 адад мерасад.

Хусусиятҳои биологӣ

Хусусиятҳои  биологии  он  кам таҳқиқ  шудааст.  Кирминаҳои  давраи даҳаи  хурд  тӯда–тӯда  дар  реша  ва гарданаи  бехи  растаниҳо  зимистон мегузаронанд.  Систаҳои  ин  намуд, ки ба танашон регрезаҳо часпидаанд, решаи  растанӣ  чунон  сахт  ба  худ меҷабад,  ки  баъзан  онҳоро  аз  ҳам ҷудо  кардан  мушкил  аст.  Парвози кирминаи  қирмизии  нарина  ва  аз систа баромадани кирминаи қирмизии модина дар давраҳои гуногун ба вуқӯъ меояд.  Ҳангоми  аз  систа  баромадан дар 1 м 2  то 18–28 кирминаи қирмизии хушбӯй  вомехӯрад.  Дар  атрофи мамнуъгоҳи  «Ромит»  (1100  метр)  аз систа баромадани кирминаи қирмизии модина  охирҳои  моҳи  июн  ва  дар Помир (атрофи  Зоркӯл,  4100  метр) охири  моҳи  июл  ба  қайд  гирифта шудааст.

Омилҳои маҳдудкунанда

Сабабҳои  асосии  маҳдуд  гардидани муҳити  сукунат  ва  камшумории кирминаи  қирмизии  хушбӯй  бенизом чаронидани  чорво  ва  ба  боғот  табдил додани  маҳалҳои  фарохи  кӯҳсор  ба шумор меравад.

Тадбирҳои ҳифз

Тадбири  асосии  муҳофизат  ва таҷдиди  шумораи  кирминаи қирмизии  хушбӯй  самарабахш истифода  бурдани  чарогоҳҳо мебошад.  Биологияи  кирминаро ҳаматарафа  таҳқиқ  намуда,  усулҳои сунъии  афзоиш  ва  истифодаи самарабахши  онро  дарёфтан  лозим аст.

Иловаи шарҳ