- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

ВЕЙЗИЯИ МАЙДАБАРГ

Weisia papillosissima Lasar.

Оилаи Pottiaceae

 

Мақоми ҳифз

Намуде,  ки  дар  зери  таҳдиди маҳвшавӣ  қарор  дорад.  EN.  Хоси Помиру Олой мебошад.

Аҳамият ва мақоми илмӣ

Аҳамияти  чандон  зиёд  надорад. Дар  ботлоқзор,  ҷангалзор,  кӯҳҳо дар  якҷоягӣ  бо  дигар  намудҳои ушнашаклон  барои  ҳосил  шудани торф,  ҳосилхезии  хок  ва  гардиши моддаҳои  органикӣ  дар  табиат муҳим аст.

Паҳншавӣ

Дар қисми ҷанубии кӯҳҳои Ҳисор, ҳавзаи дарёи Варзоб, дараи Кондара, Ҳушёрӣ,  қисми  ҷанубии  кӯҳҳои Дарвоз,  Қалъаи  Хумб,  Висхарв, кӯҳҳои Коктов, Боботоғ, Ғозималик, Норак, Ағбаи Чормағзак, Балҷувон, Дашти Ҷум мерӯяд.

Муҳити рушд

Дар  оҳаксанг,  тарқиши  шах,  зери шахсор,  пистазор  ва  чормағззорҳо (дар баландии 700–2000 м аз сатҳи баҳр) вомехӯрад.

Намуди ҳамшабеҳ

Ба  намуди  W.  tortilis.  С.  Mull Ҳолартика монандӣ дорад.

Шумора

Кам аст, баъзан дар шакли чимҳои хурд вомехӯрад.

Хусусиятҳои биоморфологӣ

Чимаш  мустаҳками  сиёҳи  сабзтоб мебошад.  Танааш  то  1  см  баланд мешавад;  он  баъзан  шохаронда  аст.  Баргаш  хушки  печинда,  каҷ, дарозрӯя, канораш хам.

Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ

Дар  натиҷаи  аз  тарафи  хоҷагиҳо истифода  кардани  муҳити  рушд мумкин аст барҳам хӯрад.

Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ

Парвариш дар шароити таҷриба ва сунъӣ қайд нашудааст.

Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ

Наомӯхтаанд.

Тадбирҳои ҳифз

Маҳаллҳои  рушди  онро  ҳифз  бояд кард.

Иловаи шарҳ