- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

5 октябри соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он тамоми сардорони ва дигар кормандони  мақомоти ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар маҷлиси тантанавӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ҳозиринро ба 30-юмин солгарди қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бараи забони давлатӣ ва Рӯзи забон табрику муборакбод намуд. Зимни суханони  табрикотӣ оид ба таърихи забони давлатӣ, рушди он дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ва ҳифзу нигоҳдошти забони мо, ки яке аз муқаддасоти давлатдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ибрози андеша карда шуд.

Ба хусус қайд карда шуд, ки аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумат, махсусан Президенти муҳтарами мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мавриди дастгирии ҳамешагӣ қарор гирифтааст ва барои бою ғанӣ, оммафаҳму шево шуданаш мунтазам чораҳои давлатӣ андешида мешаванд.

Дарвоқеъ, имрӯз ягон дастоварди илму фарҳанг, равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавии халқи тоҷикро бе истифодабарии забони давлатӣ тасаввур кардан мумкин нест.       

Дар қисмати хотимавии табрикот ба хотири эҳтиром ба забони модарӣ, ки хушбахтона мақоми давлатӣ дорад, ҳозирин аз ҷойҳо баланд шуда кафкубии бардавом намуданд.

Иловаи шарҳ