- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Фаъолияти 9-моҳаи соли 2019 мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ҷамъбаст гардид

3 октябри соли 2019 дар маркази бозомӯзии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон ҷаласаи Раёсат оид ба ҷамъбасти натиҷаҷои фаъолият дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи вилоятӣ мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят С. Акбаров, и.в. сардори раёсат Б. Абдумаликзода, сардорони шуъбаҳо ва сармутахассисони раёсат, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд. 

Ҳангоми пурсиш аз сохторҳои тобеъ таваҷҷӯҳи бештар ба масъалаҳои рафти иҷрои «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019», партовҳои бесоҳиб, қарзи ҳисаҷудокунии 20%-и зерсохторҳо ба Кумита ва раёсат, аз он ҷумла ба буҷет, низоми иҷозатдиҳӣ ба объектҳо, ҳолати мелиоративии замин, санҷишҳои нақшавӣ, истихроҷи ғайриқонунии шағал,  бардоштани сатҳи маърифати экологӣ ва дигар вазифаҳои соҳавӣ.

Аз тарафи намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят С. Акбаров барои пурзӯр намудани назорати давлатии ҳифзи захираҳои моҳӣ ва ҳамчунин ҷиҳати иҷрои супоришҳои Раиси вилоят оид ба рушди моҳипарварӣ дар маҷлиси санаи 25.09.2019 махсусан таъкид карда шуд.

Иловаи шарҳ