- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Фаъолияти Кумита дар 9 моҳи соли 2019 натиҷагирӣ карда шуд

5 октябри соли 2019 ҷаласаи васеи Мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист дар 9 моҳи соли 2019  натиҷагирӣ карда шуд. 

Дар ҷаласа  сардорон ва дигар кормандони Дастгоҳи марказии Кумита, масъулини ҳифзи муҳити зисти  дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолияткунанда иштирок намуданд. Мувофиқи рӯзнома ҷаласа таҳти раёсати Раиси Кумита Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ сурат гирифт. Баъди ба овоз мондани вақти баррасии масъалаи  рӯзнома доир ба натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар 9 моҳи соли 2019 ва вазифаҳо барои ҷамъбасти сазовори сол муовини Раиси Кумита  Назарзода Зарина Махсум маърӯза намуд. Дар маърузаи ҳисоботӣ аз ҷониби Назарзода  З. вазъи воқеии фаъолияти сохторҳои Кумита дар ҷойҳо ба таври амиқ  талилу баррасӣ гаштанд. Зимни пешниҳоди  маърӯза қайд карда шуд, ки дар муқоиса   бо нимсолаи якуми соли ҷорӣ фаъолияти бисёре аз сохторҳои Кумита дар ин семоҳа беҳтар гаштааст, аммо дар ҳамаи самтҳои  фаъолият камбудиҳо хеле зиёданд.

Аз рӯи  масъалаи рӯзнома, вобаста сабабҳои бартараф нагаштани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта ва пурра иҷро нагаштани супоришҳои додашуда   сардорони раёсатҳои ҳифзи муҳити зисти  ВМКБ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд. маълумот доданд.

Раиси ҷаласаи Мушовара ва аъзои он дар муҳокимаи масъала иштирок карда,  оид ба масъалаи мавриди назар фикру андешаҳои худро баён доштанд.  Раиси Кумита аз ҳар як масъулони мақомоти ҳифзи муҳити зисти маҳаллӣ сабабҳои нишондодҳои паст дар самтҳои фаъолият ва камбудиҳои ҷойдоштаашонро  пурсон шуд. Таъкид карда шуд, ки  қонунҳои соҳавӣ аз ҷониби нозирон дуруст омӯхта шуда, фаъолият дар асоси талаботи  муқарраргардидаи он  ба роҳ монда шавад.

Дар ҷаласа  намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурализода Нуриддин иштирок ва оид ба самтҳои гуногуни   фаъолияти Кумита   пешниҳодҳои мушаххас  ироа намуд.

Бо назардошти камбудиҳои ҷойдошта ва ба инобат гирифтани таклифу пешниҳодњо  қаророи дахлдори ҷаласаи Мушовара қабул карда шуд ва  барои иҷро ба   шаҳру ноҳияҳои ҷумњурӣ фиристода хоҳад шуд.

 

Иловаи шарҳ