- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Дар маҷлиси навбатии ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита

7 октябри соли ҷорӣ маҷлиси  навбатии ҳарҳафтаинаи Раиси Кумита баргузор гардид. Тибқи рӯзномаи маҷлис оид ба натиҷаи фаъолияти ҳафтаинаи мақомоти ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар давраи аз 30 сентябр то 4 октябри соли 2019 сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумита Ҷӯраев Абдусалим ҳисобот дод.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Д. Қ. вобаста ба камбудиҳои ҷойдошта ба масъулони Раёсати мониторинг ва сиёсати экологӣ, Экспертизаи давлатии экологӣ, шуъбаҳои назорати давлатӣ, Агентии обуҳавошиносӣ, ҳамоҳангсозони лоиҳаҳо ва дигар сохторҳои Кумита дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Вобаста ба ҳамаи масъалаҳои баррасигардидаи рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Иловаи шарҳ