- Муомилот бо партов, Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Чорабинии экологӣ оид ба тавонбахшӣ барои шахсони маъюб дар ноҳияи Шаҳритуз

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин ва соҳили дарёи Кофарниҳон, баҳри иҷроиталаботи амри раиси ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон аз 6 феврали соли 2019, № 37 оид ба гузаронидани аксияҳои “Тозагии маҳал-2019” ва “Тозагии соҳил-2019” бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар якҷоягӣ бо масъулини ҷамоати шаҳраки Шаҳритуз ва КДФ “Хоҷагии манзилию коммунали”-и ноҳия, бо иқдоми ташкилоти ҷамъиятии “Шифо,” дар кӯчаи Гирдогирди ҷамоати шаҳраки Шаҳритузи ноҳияи Шаҳритуз чорабинии экологӣ зери унвони “Татбиқ намудани таҷрибаи пешқадами Барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал барои шахсони маъюб дар ноҳияи Шаҳритуз” гузаронида шуд.

Барои гузаронидани чорабинии экологи кормандони якчанд ташкилоту идораҳои ноҳия, аз қабили бахши ҳифзи муҳити зист, ҷамоатҳои шаҳрак, КДФ “Хоҷагии манзилию коммунали”, бахши муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кормандони соҳаи тандурустӣ, хонандагони ва  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷалб карда шуданд.

Дар натиҷа шафати роҳи мошингарди кӯчаи Гирдогирди ҷамоати шаҳраки Шаҳритуз, шафати соҳили дарёи Кофарниҳон ва партовгоҳҳои ғайрирасмии кӯчаи Гирдогирд аз партовҳо тоза карда шуд.

Чорабинии экологии мазкур дар доираи лоиҳаи “Татбиқ намудани таҷрибаи пешқадами барномаи Тавонбахши дар сатҳи маҳал барои шахсони маъюб дар ноҳияи Шаҳритуз” гузаронида шуд. Лоиҳаи мазкур  аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Олмон маблағгузорӣ шуда, бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритуз ва ташкилоти ҷамъиятии “Шифо” роҳандозӣ гашта истодааст.

Иловаи шарҳ