- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

КИРМИНАИ ҚИРМИЗИИ АҶИРИҚ

Porphyrophora cynodontis

(Archangelskaja, 1935)

Қатори Баробарқанотҳо. Homoptera

Оилаи Кирминаҳои калонҷусса.

Margarodidae

 

Мақоми ҳифз

Намуд  зери  таҳдиди  маҳвшавӣ қарор дорад. EN.

Паҳншавӣ

Намуди  эндемикии  Эрону  Тӯрон аст.  Дар  ҳудуди  Тоҷикистон  дар водиву  доманакӯҳи  қаторкӯҳҳои Ҳисор,  Зарафшон  ва  Қурама  паҳн гардидааст.

Муҳити сукунат

Дар  қитъаҳои  регу  гилхок, заминҳои  нокорами  водии  дарёҳо, мамнуъгоҳи  «Бешаи  палангон», доманакӯҳҳо,  назди  рӯдҳои  кӯҳӣ вомехӯрад.

Саршумор

Дар  гузашта  намуди  васеъ паҳнгардида  буд.  Айни  замон шуморааш хеле маҳдуд гардидааст.

Хусусиятҳои биологӣ

Дар  решаи  аҷириқ  (Cynadon dactylon)  ва  гиёҳи  Aeluropus litoralis зиндагӣ мекунад. Мардуми Шарқи  Миёна  ва  Шарқи  Наздик ранги  кирминаи  қирмизиро  аз қадим  барои  китобат,  ҳангоми рангрезии гилем ва дигар маснуоти

бофандагӣ  истифода  мебурданд.

Табиатшиноси фаронсавӣ

Сhardin ба  Эрон  сафар  намуда, соли 1811 навишта буд: «Махсусан ҷолиби  диққат  аст,  ки  дар  гирду атрофи ин ҷо қирмизӣ меғундоранд, вале  он  хеле  кам  аст  ва  фақат  дар муддати  8  рӯз,  вақте  офтоб  ба бурҷи  асад  мерасад,  ҷамъ  оварда метавонанд. Чи тавре ки сокинони таҳҷоӣ таъкид мекунанд, то ин вақт пухта  намерасад,  дертар  бошад нобуд  мешавад.  «Форсҳо  онро «қирмиз»,  яъне  «кирм»  мегӯянд, зеро рангро аз кирм мегиранд».

Омилҳои маҳдудкунанда

Аз  худ  кардани  заминҳои  нокорам ва  бекорхобида,  барҳам  додани шӯрзамин  боиси  маҳв  гардидани кирминаи қирмизӣ мегардад.

Тадбирҳои ҳифз

Тадбири  асосии  муҳофизати кирминаи  қирмизӣ  ҳифз  намудани муҳити  сукунати  он  ба  ҳисоб меравад.  паҳншавӣ  ва  хусусиятҳои биологии ин намудро пурра таҳқиқ намудан зарур аст.

Иловаи шарҳ