- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Вохӯрӣ бо Раиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи мурғи дуғдоғ ҷаноби Маҷид Алӣ ал-Мансурӣ

2 октябри соли 2019 Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ бо Раиси  Хазинаи байналмилалии ҳифзи мурғи дуғдоғ  ҷаноби Маҷид Алӣ ал-Мансурӣ ва коршиносони Хазинаи мазкур вохӯрӣ намуд.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳо оид ба ҳамкориҳои Кумита бо Хазинаи  байналмилалии ҳифзи мурғи дуғдоғ мавриди баррасии ҷонибҳо  қарор дода шуд.

Раиси Хазинаи байналмилалии ҳифзи мурғи дуғдоғ ҷаноби Маҷид ал – Мансурӣ вобаста ба нақшаҳои ояндаи Хазина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Раиси Кумита маълумоти муфассал дод. 

Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда Раиси Кумита    Гулмаҳмадзода Д. Қ. оид  ба зиёд намудани ариали намудҳои парандаҳои кӯчанда, аз ҷумла дуғдоғ ва зиёд намудани популятсияи он, ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ ва табодули маълумот дар ин самт, навовариҳо ва таҳияи ҳуҷҷатҳо оид ба тадқиқот ва амалисозии фаъолият, таҳияи  лоиҳаҳо ва самтҳои дигари ҳифзи муҳити зист ибрози андеша намуд.

Дар рафти вохӯрӣ тарафҳо роҷеъ ба таҳия ва баимзорасонии Ёддошти тафоҳум оид ба гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар самти барқарорсозии шумораи парандаҳои нодир ва таҳти хатари нобудшавӣ қарордошта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд. Баимзорасонии ҳуҷҷати мазкур тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Вохӯрӣ бо ҳусни тафоҳум баргузор гашта, ҷонибҳо оид ба масъалаҳои баррасигардида ба мувофиқа расиданд.

Иловаи шарҳ