- Хабарҳо, Ҳавои атмосферӣ

Амалиёти «Ҳавои тоза» дар шоҳроҳи Конибодом – Хуҷанд

Дар қаламрави ҷумҳурӣ нақлиёти атомобилӣ сол то сол зиёд шуда истодааст. Дар баробари ин ҳаҷми партовҳои ба ҳавои атмосфера ихроҷмегардида низ меафзояд. Ҳафтаи сипаришуда дар шоҳроҳи Конибодом – Хуҷанд аз ҷониби мутахассисони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Конибодом, якҷоя бо нозирони БДА амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Мақсад аз баргузории амалиёти мазкур пешбарди назорати давлатӣ  дар самти ҳифзи ҳавои атмосфера дар мисоли санҷиши дуднокии нақлиёт мебошад. Дар натичаи амалиёт аз 34 адад нақлиётҳои тамғаашон гуногун, ки меъёри амалкунандаи 8 адади онҳо аз партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера зиёд буд, ба қайд гирифта, нисбати онҳо чораҳои маъмурӣ андешида шуд.

Дар баробари ин барои ислоҳи камбудиҳо ва гирифтани чиптаи экологӣ ба ронандагони нақлиётҳои мазкур маслиҳатҳои муфид дода шуд.

Иловаи шарҳ