- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Вохӯрии Раиси Кумита Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ бо мушовирони минтақавии техникии БРСМ Ҷон О’Брайан ва Паҳат Ҷанелидзе

2 октябри соли 2019 вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Давлатшоњ Қурбоналӣ бо Ҷон О’Брайан мушовири минтақавии техникии БРСМ ва Пањат Ҷанелидзе сармушовири техникии лоиҳаи БРСМ “Рушди тиҷорати хурд ва миёна дар  соҳаи энергетикаи сабз” баргузор гардид.

Дар вохӯри рафти амалишавии лоиҳаи “Рушди тиҷорати хурд ва миёна дар  соҳаи энергетикаи сабз” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Раиси Кумита таваҷҷӯҳи Ҷон О’Брайан ва Паҳат Ҷанелидзеро ба рафти амалишавии лоиҳаи мазкур, сабабҳои ба таъхир гузоштани рафти амалишавии он, ҳамкориҳои минбаъда дар самти амалишавии лоиҳаҳои марбута (ГЭФ-7) ҷалб намуд.

Вохӯрӣ дар фазои якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, тарафҳо роҷеъ ба масъалаҳои баррасигардида ба мувофиқа расиданд.

Иловаи шарҳ