- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Аксияи «Тозагии маҳал» дар ноҳияи Ашт

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои «1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва баҳри ободу зебо нигоҳ доштани муҳити зист, санаи 27.09.2019 дар ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашти вилояти Суғд аксияи «Тозагии маҳал» баргузор гардид. Дар чорабинӣ беш аз 1,2 ҳазор нафар намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва аҳолӣ иштирок намуда, бо тоза намудани ҷойҳо машӯул шуданд. Дар натиҷа 3 тонн партовҳои аз маҳалҳо ҷамъоварда ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуд.

Иловаи шарҳ