- Хабарҳо

Корҳои омузишӣ дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд

Дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд аз ҷониби сармутахассиси кадрии Раёсати корҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфуллоев Н. бо мақсади иҷрои талаботи мактуби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Чумҳурии Тоҷикистон аз 7.02.19, №08-259 оид ба ворид намудани тагйиру иловаҳо ба маълумоти хизматчиёни давлатии маъмурии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба Барномаи ягонаи автоматикунонидашудаи Феҳристи хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои омӯзишӣ ва ёрии амалӣ расонида шуд.

Мақсад аз амалӣ гардондани чорабинии мазкур гуштан ба Барномаи «Ҳукумати электронӣ», ки тибқи стандартҳои ҷаҳонӣ роҳандозӣ гардидааст, инчунин тақвият бахшидани корбарию коргузории хизматчиёни давлатии ҳифзи муҳити зист мебошад.

Иловаи шарҳ