- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Иштироки ҳайати намояндагии Тоҷикистон дар Саммити иқлимии Ню-Йорк

Рӯзҳои 23-28 сентябри соли ҷорӣ ҳайати намояндагии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Қоҳир Расулзода дар Саммити ҷаҳонии иқлимӣ, ки дар шаҳри Ню – Йорки ИМА баргузор гардид, иштирок намуд. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии СММ оид ба таъсири тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар бораи баландшавии ҳарорат, обшавии босуръати пиряхҳо ва афзоиши офатҳои табиӣ ва рушди гидроэнергетика суханронӣ намуд.

Дар ҳайати намояндагии Тоҷикистон Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ низ шомил буд.

 

Иловаи шарҳ