- Хабарҳо

Баргузории аксияҳои экологӣ бахшида ба «1300 рӯзи меҳнати зарбдор» дар ноҳияи Спитамен

Дар доираи  эълон гардидани «1300 рӯзи меҳнати зарбдор» ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳияи Спитамен аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» баргузор гардида истодааст. Ҳафтаи гузашта чунин чорабинӣ дар ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи мазкур гузаронида шуд, ки дар он беш аз 1,5 ҳазор нафар аҳолӣ иштирок намуданд. Дар натиҷа кӯчаҳои марказӣ, ҳудуҳои назди нуқтаҳои савдо ва муассисаву корхонаҳо аз партов, ҳамчунин ҷӯйборҳо аз лоиқа тоза карда шуда, дар маҷмуъ  10 тонна партов ба партовгоҳ бароварда шуд.

Дар давоми нуҳ моҳи соли равон дар партовгоҳи ноҳиявӣ ду маротиба бо истифода аз техника – булдозери тамғаи С-100 корҳои безараргардонӣ, яъне гӯронидан гузаронида шуд.  

Иловаи шарҳ