- Муомилот бо партов, Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Баргузории аксияҳои «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал» дар шаҳри Хуҷанд

Бо мақсади ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ, беҳбуд бахшидан ба вазъи экологии маҳаллаҳо ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ дар мавзеи соҳили дарёи Сир ва як қатор кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд аксияҳои «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал» гузаронида шуд.

Дар доираи чорабинии мазкур ду соҳили дарёи Сир дигар мавзеъҳои пешбинигардидаи маҳаллаҳо  аз ҳамагуна партов ва ифлосиҳо тоза карда шуд. Дар ҳамоиш 300 нафар ҷавонон ва ашхоси касбу кори гуногун ширкати фаъолона намуданд.

Дар натиҷа 18, 8 мери кубӣ  партовҳои аз соҳили дарёву кӯчаҳо баровардашуда, ба партовгоҳи шаҳрӣ бурда ҷойгир кунонида шуд. 

Иловаи шарҳ