- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

ДЕСМАТОДОНИ ДАРОЗПОЯ

Desmatodon altipes Broth

Оилаи Pottiaceae

 

Мақоми ҳифз

Намуде,  ки  дар  зери  таҳдиди маҳвшавӣ  қарор  дорад.  EN.  Хоси Помиру Олой ва Тиёншон аст.

Аҳамият ва мақоми илмӣ

Аҳамияти  чандон  зиёд  надорад. Дар  ботлоқзор,  ҷангалзор,  кӯҳҳо дар  якҷоягӣ  бо  дигар  намуди ушнашаклон  барои  ҳосил  шудани торф,  ҳосилхез  гаштани  хок  ва гардиши  моддаҳои  органикӣ  дар табиат муҳим аст.

Паҳншавӣ

Дар  нишебии  қаторкӯҳҳои Туркистон,  Олой,  Помир,  инчунин Алотови Терск (Тиёншони Марказӣ) мерӯяд.

Муҳити рушд

Дар  хок,  шибарзамин,  марғзор, арчазорҳои  ксериофилӣ  ва марғзорҳои  кӯҳӣ  (дар  баландии 2800–4500  м  аз  сатҳи  баҳр)  дучор меояд.

Шумора

Фақат  дар  чанд  маҳал  мерӯяд, миқдораш  хеле  кам  аст  ва  хавфи барҳам хӯрданро дорад.

Хусусиятҳои биоморфологӣ

Тӯда–тӯда  месабзад.  Баландии танааш 5 мм; қисми поёнаш сурхчаи намадгун  буда,  баргҳои  пӯшида  ва панҷшохамонанд  дорад.  Дарозии баргҳояш 3 мм, бараш 0,9 мм. Онҳо байзашакл  буда,  нӯгашон  кунд ва  канорҳояшон  яклухтанд.  Рахи марказии  барг  аз  нӯги  он  берун омада, шакли мӯйро дорад.

Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ

Ба  киштзор  табдил  додани  муҳити рушди ушна боиси камшумории он

гаштааст.

Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ

Парвариш дар шароити таҷриба ва сунъӣ омӯхта нашудааст.

Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ

Наомӯхтаанд.

Тадбирҳои ҳифз

Маҳаллҳои рушди онро пурра бояд ҳифз кард.

Иловаи шарҳ