- Обуҳавошиносӣ, Хабарҳо

Натиҷагирии марҳилавии аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Варзоб

Бинобар иттилои шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Варзоб баҳри  тозаву озода нигоҳ доштани  соҳилҳои дарёву дигар манбаъҳои обӣ, тибқи фармоиши Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2019, №10 «Дар бораи гузаронидани аксияи «Тозагии соҳил 2019»» ва амри Раиси ноҳияи Варзоб аз 14. 02. 2019, №38, Нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардидааст. Аз моҳи моҳи март то сентябри соли 2019 тибқи Нақшаи чорабиниҳои мазкур 7 маротиба  дар ҳудуди ноҳия  аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шудааст.

Дар аксияҳои дар маҷмуъ гузаронидашуда 2228 нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия иштирок намуда, 24, 75 тонна партовҳо  ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи  расмӣ  бароварда шудааст.

Иловаи шарҳ