- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

Омили- гендерӣ-қисми муҳими гуфтушунид оид ба мавзӯи об ва саломатӣ

Аз 23 то 25 сентябри соли 2019 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамоиши минтақавӣ «Оид ба дипломатияи об бо авзалияти маҳорат, пешбурди гуфтушунидҳо ва саломатӣ, бо назардошти омилҳои генденрӣ» баргузор мегардад. Чорабинии мазкур аз тарафи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Донишкадаи байналмилалии оби Стокголм ва Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ (ММЭОМ), бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Финландия гузаронида мешавад.

Курси омӯзишӣ барои иштироккунандагони чорабинии идона ба 10-солагии пешоҳангии Барномаи Осиёи Марказӣ доир ба рушди устувори экологӣ бахшида шудааст.

Омӯзиши минтақавии САҲА барои баланд бардоштани иқтидори пешоҳангон ва мутахассисон оид ба захираҳои об дар Осиёи Марказӣ, бо мақсади  идоракунии захираҳои об ва дипломатия (бо назардошти  омилҳои гендерӣ) равона гардидааст.  

Иловаи шарҳ