- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Дар маҷлиси навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита

23 сентябри соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини Раиси Кумита Абдураҳмонзода С. Н. маҷлиси навбатии ҳарҳафтаинаи Кумита баргузор гашт.

Тибқи рӯзномаи маҷлис ҳисоботи сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумита Ҷӯраев А. оид ба фаъолияти сохторҳои тобеъ ва зеотобеи Кумита дар ҳафтаи сипаришудаи аз 16 то 20 сентябри соли 2019 шунида шуд. Аз ҷониби Ҷӯраев А. ҳолати воқеии нишондодҳои соҳавии шаҳру ноҳияҳо ба таври таҳлилию муқоисавӣ пешниҳод гардид. Қайд карда шуд, ки фаъолияти самтҳои назорати давлатӣ дар ҷумҳурӣ агарчанде дар сатҳи зарурӣ баланд нашуда бошад ҳам, нисбат ба ҳафтаи қаблӣ беҳтар мебошад.

Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки аз 9 банди супоришҳои маҷлиси ҳарҳафтаинаи қаблӣ 6 банд аз ҷониби масъулон иҷро гардида, бандҳои дигар дар ҳолати корбарӣ қарор дорад.

Муовини Раиси Кумита оид ба  масъалаи мазкур суханронӣ намуда, таваҷҷӯҳи иштирокдоронро бо ҷамъбасти сазовори фаъолияти Кумита дар 9-моҳаи соли 2019 ҷалб намуд. Изҳори нигаронӣ карда шуд, ки иҷроиши баъзе бандҳои протоколӣ пурра ва дар муҳлатҳои муайянгардида таъмин намегарданд, Бинобар ин ба Ҷӯраев А. супорида шуд, ки супоришҳои протоколии қаблиро пурра таҳлил намуда, сабабҳои пурра иҷро нагардидани онро муайян ва пешниҳод намояд.

Пас аз таҳлилу муҳокимаи ҳисоботи маҷлис, пурсиши масъулони иҷро ва бо назардошти камбудиву норасоиҳои сохторҳои Кумита қарори дахлдори маҷлис қабул карда шуд.

Иловаи шарҳ