- Хабарҳо, Ҳавои атмосферӣ

16 сентябр-Рӯзи байналмилалии ҳифзи қабати озон

16 сентябр ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи байналмилалии ҳифзи қабати  озон дар доираи коршиносон ва аҳли ҷомеа бо ташкили чорабиниҳои гуногун  баргузор мегардад.

Бахшида ба санаи мазкур рӯзи 16 сентябри соли равон дар ҳамкории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  Барномаи СММ дар Тоҷикистон чорабинии таблиғотӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Саидумрон ва ҳамоҳангсози Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон оид ба ҳифзи муҳити зист Рустамов Мубин ва дигар коршиносони соҳа иштирок ва суханронӣ намуданд.  Зимни суханронӣ ҳамкориҳои Кумита бо Барномаи СММ дар Тоҷикистон, ҳадафу мақсадҳои ҳуҷҷатҳои дар ин самт қабулгардида, нақшаҳои тарҳрезигардидаи ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист  ва Барномаи мазкур ба самъи иштирок расонида шуд.

Қайд карда шуд, ки  дар давраи соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 10 Конвенсияи  байналмилалӣ дар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист шомил гардида, ӯҳдадориҳои худро тибқи талаботи ин ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ муваффақона ба иҷро расонида истодааст. Яке аз чунин ҳуҷҷатҳо Конвенсияи байналмилалии  СММ оид ба ҳифзи қабати озон ва Протоколи Морнреал дар бораи моддаҳои  вайронкунандаи қабати озон   мебошад.

Дар чорабинӣ хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 54-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок намуда, ба варақаҳои иттилоотӣ таъмин карда шуданд. Сипас мактаббачагон варакаҳои иттилоотӣ  дар бораи муҳимияти ҳифзи қабати озонро ба роҳгузарон, саворони автомобилҳо таксим намуданда, огоҳонии сокинонро доир ба аҳамият ва зарурати ҳифзи қабати озон пурсон шуданд.  

Иловаи шарҳ