- Муомилот бо партов, Хабарҳо

КАНАЛУ СЕЛПАРТОҲО ТОЗА МЕШАВАНД

Бо мақсади беҳбуд бахшидан ба муҳити зист, таъмини сарсабзию шукуфоӣ, тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, солимгардонии муҳити зист ва баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Душанбе аксияҳои экологӣ роҳандозӣ гардида истодаанд.

Бо дарназардошти омодагиҳо ба мавсими тирамоҳ ва зимистон тибқи нақша Муассисаи давлатии «Раёсати обёрӣ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тозанамоии як қатор каналу селпартоҳоро идома дода истодааст. Айни замон бо техника ва механизмҳо канал ва такшингоҳи Чоряккорон тоза карда шуда, ба миқдори 1200 м3 гилу лойка аз канали мазкур  бароварда шуд.

Бинобар иттилои Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар ҳудуди шаҳр ҳамагӣ 20 канал ва 25 селпарто, бо дарозии 104,03 км, мавҷуд аст. Мутаассифона, баъзан ҷойгир намудани партовҳои маишӣ дар соҳили дарёҳо, ҷўйҳо, каналҳо, селпартоҳо ва дигар манбаъҳои обӣ мушоҳида мегардад, ки аз маърифати  пасти шаҳрвандии  бархе нафарон  дарак медиҳад.

Бино ба таҳлили мутахассисони соҳа ҳаҷми ҷамъоварии партовҳо дар муқоиса ба соли 2017 се маротиба ва нисбати соли 2018 ду маротиба дар соҳили каналу рӯдхонаҳо кам шудааст. Ин шаҳодати он аст, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотиву ташвиқотии экологӣ ба аҳолӣ аз тарафи кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист ба маротиб зиёд гаштааст.

Бино ба маълумоти мавҷуда дар тамоми ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо 1529 нуқтаҳои партовҷамъкунӣ мавҷуд аст, ки шаҳрвандон партовҳои сахти маиширо дар ин нуқтаҳо ҷойгир менамоянд.

 

Иловаи шарҳ