- Набототу ҳайвонот, Хабарҳо

ИНДУЗИЕЛЛИЯИ ТИЁНШОНӢ

Indusiella thianschanica

Broth, et C. Miell.

Оилаи Grimmiaceae

 

Мақоми ҳифз

Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. СR.

Аҳамият ва мақоми илмӣ

Чандон аҳамият надорад. Дар ботлоқзор, ҷангалзор ва кӯҳҳо дар якҷоягӣ бо дигар намудҳои ушнашаклон ҷиҳати ҳосил шудани торф, ҳосилхез гаштани хок ва гардиши моддаҳои органикӣ дар табиат муҳим аст.

Паҳншавӣ

Фақат як намуд буда, дар Помири Шарқӣ, ҳавзаи дарёи Мурғоб месабзад. Дар Тиёншон, Доғистон,

Саянаи Шарқӣ, инчунин дар Муғулистон ва Аляска вомехӯрад.

Намуди ҳамшабеҳ

Ба намуди Ҳолартикӣ Coscinodon gribrosus (Hedw.) Spruce монандӣ дорад.

Шумора

Хеле камёфт мебошад.

Хусусиятҳои биоморфологӣ

Чимаки паст, зич, сахти рангаш сабзи сиёҳча дорад. Танааш рост, баландиаш 1–1,5 см; дар қисми боло баргҳои зич, дар қисми поён решачаҳо мавҷуданд. Баргҳояш хушк буда, ба поя часпидаанд.

Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ

Дар натиҷаи фаъолияти инсон – сохтмони роҳ ва кӯҳкорӣ муҳити рушд хароб шудааст. Эҳтимол дар Помиру Олой нест шуда бошад, зеро солҳои охир онро касе ҷамъоварӣ накардааст.

Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ

Афзоиш ба воситаи гард, дар шароити сунъӣ ва парвариши онро насанҷидаанд.

Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ

Омӯхта нашудааст.

Тадбирҳои ҳифз

Дар шароити табиӣ омӯхта, барои ҳифзи он тадбирҳо андешидан зарур аст.

Иловаи шарҳ