- Хабарҳо

Озмуни вилоятӣ таҳти унвони «Асали тоза давои ҳамаи касалиҳо» натиҷагирӣ карда шуд

Тибқи маълумоти Раёсати ҳифзи муҳити зисти ВМКБ санаи 6 сентябри соли равон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Хоруғ  бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар доираи он ғолибони озмуни асал, ки қаблан таҳти унвони «Асали тоза давои ҳамаи касалиҳо» байни асалпарварони ҳудуди вилоят  эълон гардида буд, қадрдонӣ карда шуданд.

Аз ҷониби Раёсат барои ишғол намудани ҷойи 1-ум  ба Худобердиев А. аз ноҳияи Роштқалъа, ҷойи     2-юм Себаргаев  Р. аз шаҳри Хоруғ, ҷои сеюм Зиёбеков  З., инчунин ба собиқадорони соҳаи асалпарварӣ Давлатбеков Б., зани асалпарвар Юсуфбекова М. ва як нафар ҷавони  асалпарвар ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Иловаи шарҳ