- Хабарҳо

Ғолибони озмун бо диплому сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд

Ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тадбирҳои зиёде дар самти ҳифзи муҳити зист амалӣ гашта истодаанд.

Бо мақсади ҳавасмандгардонии кормандони соҳаи маорифи пойтахт дар тарғибу ташвиқи корҳои ободониву сабзазоркунӣ, созандагӣ ва бо гулу сабза ороиш додани атрофи муассисаҳои таълимӣ  бо Қарори Раиси шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин муассисаи таълимӣ дар самти корҳои ободонӣ», ки қаблан эълон шуда буд,  ҷамъбаст гардид.

Дар озмуни дар сатҳи ноҳия ва шаҳр гузаронидашуда 143 муассисаи таълимӣ ва 133 кӯдакистон иштирок намуда, ба ин васила  ҳудуди муассисаҳои таълимӣ сарсабзу шукуфон ва гулҳои зиёди  мавсимиву бисёрсола шинонида шуд.

Ҷамъбасти озмун дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ сурат гирифт.

Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун муассисаи давлатии таълимии ширхоргоҳ-кӯдакистони № 117-и ноҳияи Фирдавсӣ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 56-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  бо Диплом-и Раиси шаҳри Душанбе ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 45-и ноҳияи Фирдавсӣ, муассисаи давлатии таълимии ширхоргоҳ-кӯдакистони № 45-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва муассисаи давлатии таълимии ширхоргоҳ-кӯдакистони №156-и ноҳияи Сино бо Сипоснома-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

Иловаи шарҳ