- Хабарҳо

Фаъолияти шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ҳисор дар самти Экпертизаи давлатии экологӣ

Бинобар маълумоти шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ҳисор доир ба  иҷрои банди 8-и қарори Мушовараи Кумитаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июли соли 2019, №8 дар бораи рафти иҷрои пешниҳодҳо оид ба хулосаҳои дар самти экспертизаи давлатии экологӣ додашуда ва корҳои анҷомёфта вобаста ба ин, дар семоҳаи сеюми соли ҷорӣ то инҷониб,  нисбат ба 5 нафар шаҳрвандон мутобиқи моддаи    219-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нагузаштан аз экспертизаи давлатии экологӣ, риоя ва иҷро накардани шарт ва талаботҳои хулосаи ЭДЭ ҷаримабандӣ карда шудаанд.

Баҳри ислоҳи камбудиҳои ошкоргардида бошад пешниҳодҳои далдор дода шуда, корҳо дар ин самти фаъолияти шуъба низ  ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

 

Иловаи шарҳ