- Муомилот бо партов, Хабарҳо

Сокинони ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар беҳдошти муҳити зист саҳми худро мегузоранд

7 сентябри соли 2019 аз тарафи Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ёвон дар ҳамкорӣ бо ҷамоати шаҳраки Ёвон, муассисаи давлатии “Раёсати коммуналӣ-истеҳсолӣ ва истифодаи манзилии шаҳраки Ёвон”, муассисаҳои таълимӣ ва коллеҷу литсейҳои ҳудуди шаҳрак, маъракаи “Тозагии маҳал -2019” ва “Тозагии соҳил-2019” гузаронида шуд, ки дар ин маъракаи мазкур кормандони ташкилоту муассисаҳо, омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ, донишҷуёни коллеҷу литсейҳо фаъолона ширкат варзиданд. Шумораи умумии иштироккунандагон дар ин маъракаи мазкур зиёда 3500 нафар буда, дар тоза кардани кӯчаю хиёбонҳо, гирду атрофи ташкилоту корхонаҳо, ду тарафи роҳи мошингарди Ёвон-Душанбе ва ду тарафи пули “Ёвонруд” аз ифлосиҳо машғул гардиданд.
Аз тарафи Раёсати коммуналӣ-истеҳсолӣ ва истифодаи манзилии шаҳраки Ёвон, ки аз чор шӯъба иборат мебошад, 9102 метр новаҳои обгузарро аз лою гил ва баргҳои дарахтон тоза карда, аз 18 нуқтаи партовпартоҳо ба масофаи тақрибан 9215м ба миқдори 11226 м3 партов бароварда ба нуқтаи партовгоҳи марказӣ кашонида шуд.

Иловаи шарҳ