- Хабарҳо

Чорабинии экологӣ дар шаҳри Ҳисор

Тибқи маълумоти Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ҳисор санаи 7 сентябри соли равон дар доираи таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр бо ҷалби кормандони касбу кори куногун ва аҳли ҷамоатчигӣ  аксияҳои «Тозагии маҳал» ва «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Ҳамзамон, дар чорабинӣ ба масофаи 100 метр ҷӯйбори бетонӣ сохта шуда, инчунин 200 метр роҳравҳои дохили маҳаллаи Муъминободи шаҳр бетонпӯш карда шуд.

Иловаи шарҳ