- Навидҳои муҳим, Хабарҳо

Дар маҷлиси ҳафтаинаи Раиси Кумита

10 сентябри соли 2019 маҷлиси ҳафтаинаи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Тибқи тартиби муқарраргардида нахуст оид ба фаъолияти сохторҳои Кумита ва зерсохтори он дар ҳафтаи аз 2 то 6 сентябри соли 2019 ҳисоботи сардори шуъбаи назорат ва таҳлили Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумита Қосимова Г. шунида шуд.
Аз рӯи масъалаи мазкур Раиси Кумита Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ суханронӣ карда, таъкид намуд, ки барои натиҷагирии фаъолияти Кумита вақти каме ба шумор мондааст ва ба масъулон супорида ҳар як самтро дар алоҳидагӣ бо назардошти камбудиҳои мавҷуда таҳлили пурра намуда, дар муҳлати муқарраршуда пешниҳод намоянд.
Ҳамзмон, оид ба ҳолатҳои нокифоягии ҳисоби зарар ва бастани ҷаримаҳо барои зарари ба табиат расонидашуда, объектоҳои санҷидашуда, масъалаҳои назоратӣ, аз ҷумла дар самти об ва партовҳо, роҳҳои бартараф намудани мушкилоти обпартовҳо ҷиҳати тоза нигоҳ доштани оби дарёҳо, пешгирӣ аз ҳолатҳои сӯхтор барои осеб нарасидан расидан ба набототу ҳайвонот, таҳлил ва пешниҳоди мониторинги вазъи боду ҳаво дар 28 соли сипаригардида, тезонидани кори лоиҳаҳои соҳавӣ ва ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар ин самт, идома додан ва пурра ба анҷом расонидани биноҳои маъмурии ва гулгашти вобаташуда тибқи нақшаҳои пешбинигардида ва таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.
Дар охир, баъд аз муҳокимаи пурраи масъалаҳои рӯзнома қарори дахлдори маҷлиси ҳарҳафтаина қабул карда шуд.

Иловаи шарҳ